ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилоти ибтидоии «Баҳористон»-и шаҳри Левакант бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ бо аъзо ва тарафдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони кумитаи иҷроияи ҳизб қайд карданд, ки мувофиқи меъёрҳои Конститутсия халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад ва онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ менамояд.
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Дар қисмати амалии аксия кормандони ташкилоти мазкур ба тоза кардани атрофи бино ва ҷӯйборҳои обгузар машғул гардиданд.