КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии аъзои гурӯҳҳои таблиғотии доимоамалкунандаи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо сокинони деҳаҳои Л.Шералӣ, Меҳробод ва Ватани Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳия доир карда шуд.
Ташкилкунандагони чорабинӣ иброз доштанд, ки барномаи ҳар ҳизб муаррифгари ҳадафу мақсад ва муайянкунандаи самти роҳест, ки ҷомеаро мехоҳад аз пушташ ба он самт барад. Маҳз бар ҳамин поя ҷомеа тасмим мегирад бо кӣ ва чи мақсаду ҳадаф ба куҷо равад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули 25 сол собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ кунад.