БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ НАҚШ ДАР ТАҲКИМИ ДЕМОКРАТИКУНОНИИ МАМЛАКАТ АСТ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо сокинони деҳаи Қаҳрамон ва аъзои ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” вохӯрӣ баргузор карданд.

Дар вохӯрӣ масъулон атрофи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла қайд доштанд, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иштирок дар ин маърака нақши сокинон дар таҳкими демократикунонии мамлакат маҳсуб меёбад.  

Ҳамзамон гуфта шуд, ки Паём ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи халқ раҳнамо ва дастури муҳим буда, татбиқи босамари он омили пешрафти мамлакат хоҳад буд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg