БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Барои татбиқи нақшаҳои созандаи ҳизб талош меварзем

КӮШОНИЁН. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Кӯшониён   дар  ҳудуди  шаҳраку  деҳоти  ноҳия ҷиҳати  боз  ҳам  густариш  бахшидани  иртибот  бо  мардум ва  ҷалби  омма  дар  амалӣ  намудани  ҳадафҳои  ҲХДТ  бо  мардум  мулоқоту  вохӯриҳо  баргузор  намуда  истодаанд.

      Имрӯз бо иштироки мудири бахши кор бо ҷавонони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохурӣ доир гардид.

Дар рафти маҷлис  Асроров Саидшо, оид ба татбиқи  Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ  аз  паҳншавии беморихои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллии тоҷикон, терроризму экстремизм, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдустӣ ва ватанпарварӣ, мардумро муттаҳид  намудан дар атрофи ғояҳои созандаи ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор  суханронӣ намуд.

     Зимни вохӯри дар деҳаи Лоҳути ба сокинон китобу тақвимҳо ва қарорҳои кабулкардаи  маҷлиси  КИМ ҲХДТ-ро ба мардум дастрас карданд.

 Инчунин дар деҳаи Лоҳутии  ҷамоати деҳоти Меҳнатобод ташкилоти ибтидоии «Лоҳутӣ» таъсис дода шуд, ки дар ин ташкилот шахсони обруманди ин маҳалла ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg