БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ХОТИРМОН БУД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо сокинони деҳаҳои Гулистон ва Ганҷинаи ноҳия баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Масъулини ҳизб иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон аз ҷумла қайд карданд: “Мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодаимон – Тоҷикистони озоду маҳбуб сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд.”

Ҳамзамон,  қайд карда шуд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg