КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тиҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Заргар бо интихобкунандагони деҳаи Чорбоғ ва Бобиобод вохӯрӣ доир карданд.
Дар вохӯрии мазкур намояндагон доир ба моҳияти Паёми имсола ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баромад намуданд. Аз ҷумла қайд карданд, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар-интихобот, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз натиҷаи он вобастагии калон дорад, қарор дорем.
Инчунин, дар вохӯрӣ масъулин дар бораи моҳияти Паёми имсола ибрози назар карда, қайд намуданд, ки Паём раҳнамо барои имрӯзу фардои кишвар, пешрафту ободии Ватан мебошад, моро зарур аст баҳри татбиқи он аз ҳар фурсати муносиб самарнок истифода барем ва дар рушду нумӯи мамлакат талош варзем.