КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Уртабуз” ва “Истиқлол”-и ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ масъулини ҳизб атрофи муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ гашта, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ таъкид карда шуд.