ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Саъдӣ Шерозии Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав вохӯрӣ доир карданд.
Масъулон зимни баромадҳояшон дар хусуси Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботӣ дарпешистода суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб ёфта, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим дорад.