БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲИЗБИ МУТТАҲИДСОЗ АСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Лохутии Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав вохӯрӣ доир карданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Кумитаи иҷроия доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи дарпешистода суҳбат намуданд.

Қайд шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ  қувваи бузургеро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

Зикр шуд, ки бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода мо ҳизбиён масъулияти касбӣ нишон дода, барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани интихоботи вакилони халқ худро вазифадор   меҳисобем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg