ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Ҳаваскори Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин вохӯрӣ доир карданд.
Ташкилкунандагони вохӯрӣ доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботи дарпешистода суҳбат намуданд.
Қайд гашт, ки дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, барои дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан, мавқеи устувор доштани ҲХДТ муваззафем.