БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ҲАДАФҲОИ ҲИЗБӢ ДАР МАҲАЛ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша-чорабинӣ масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо аъзои ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти Носири Хусрав дар мавзӯи “Саҳми ҲХДТ дар таҳкими давлатдории навини тоҷикон” вохӯрӣ доир карданд.

Дар вохӯрӣ масъулин қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозидааст.

Дар охир аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват карданд, ки барои амалӣ намудани аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем”  бо мақсади созовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти ободонии маҳал фаъол бошанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg