ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида масъулони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо сокинони деҳаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хурав вохӯрӣ баргузор карданд.
Масъулони Кумитаи иҷроия дар мавзӯи “Бо обод намудани маҳалли худ, Тоҷикистонро гулафшон мекунем” суханронӣ карданд.
Даъват карда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманди маҳал дар сохтмони ҳар гуна иншооти маданиву маишӣ ва тозаву обод гардонидани ҷои зисти худ бояд камари ҳиммат бандем.