БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дарки масъулияти занону модарон дар таълиму тарбияи фарзанд

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузо­­рии мулоқоту во­­х­­ӯриҳои Кумитаи иҷрои­я­и ҲХДТ дар ноҳияи­­ В­а­хш ҷамъомад бо падару модарон ва омӯзгорони муассисаи таълимии №67-и маҳаллаи Зардови ҷамоати деҳо­ти 20-солагии Исти­қло­лияти Тоҷикистон доир карда шуд.

Дар ҷамъомади ­м­азкур ­­раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ­ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон ва мудири­ шуъбаи таблиғот, ­и­т­тилоот ва матбуот Камолов Сафаралӣ ишти­р­ок намуданд.

Маҳмадов О зимни баромади хеш иброз дошт, ки татбиқ кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"-ро се ниҳоди асоси оила, мактаб ва ҷомеа, ки ташкилкунандагони асосии Қонун мебошанд, бояд таъмин кунанд. Боиси зикри хос аст, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва амалҳои номатлуби ҷомеа аз ҳисоби онҳо боиси изҳори нигаронӣ мебошад. Зикр кард, ки сатҳу сифати дониши хонандагон аз донишу таҷриба, малакаи касбӣ ва тарзу усули таълими омӯзгор вобастагии зич дорад, вале масъулияти ҷиддӣ ва назорати асосӣ бояд аз ҷониби падару модарон зоҳир карда шавад. Дар ин росто нақши падару модарон муҳим арзёбӣ мешавад.

Зарур аст, ки бо назардошти раванди ҷаҳонишавӣ кулли падару модарон моҳияти аслии Қонуни мазкурро дарк намуда, ба хотири пешгирӣ кардан аз гуруҳҳои ифротгароӣ, амалҳои номатлуби ҷомеа ва тарбияи дурусти онҳо фарзандонашонро зери назорат гиранд.
Инчунин дар маҳаллаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Давлаталӣ Зардов" таъсис дода, Исматов Ҳурматуллоро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg