ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи бахши кор бо занон ва ҷавонони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён дар деҳаҳои Янгиобод ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов бо гуруҳи занон доир ба баррасии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки соли дуюум аст, ки Пешвои муаззами миллат Паёми худро дар оғози сол ироа менамояд, ки он ҳамчун як барномаи мукаммали солонаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ маънидод гардида, нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаро барои расидан ба ҳадафҳои назаррас бо мақсади таъмини рушди устувори рӯзгори мардум қарор мегирад.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин қайд карда шуд, ки аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ ба иштироки занон дар ҳаёти сиёсии имрӯзаи кишвар, иштироки онҳо дар идоракунии давлат, ишғол намудани занон дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода, барои баланд бардоштани мақом ва манзалати занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсуси соҳавӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Бо эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуд, ки занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунарҳояшон шароити иқтисодии худ ва атрофиёни худро бо ташкил намудани ҷойҳои нави кори беҳбуди бахшанд.
Инчунин ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки барои давом додани таҳсили духтарон дар муассисаҳои олии кишвар мусоидат намуда, дар омӯзиши касбу ҳунар барои фарзандони худ шароит фароҳам оварданд.