БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби раҳнамунсози миллат

КӮЛОБ. Бо мақсади муаррифии ҲҲДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ва мустаҳкам кардани робита бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар асоси ҷадвали тасдиқшуда, суҳбату вохӯриҳоро мунтазам гузаронида истодааст.

Рӯзи 18.04.2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳрӣ” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вобаста ба сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Зимнан, дар вохӯрӣ раиси Кмитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, директори маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб Икромов Камолиддин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Валиева Саъбагул қайд дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва таҳти сарварии Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳадафҳои барномавии худ, кишвар ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба сӯи арзишмандтарин хостаҳои миллӣ ва зиндагии шоиста роҳнамоӣ мекунад.

Икромов Камолиддин дар навбати худ гуфт, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб садоқатмандона ба Пешвои миллат ва ҲХДТ дар роҳи созандагию бунёдкорӣ барои тарақиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон пайваста талошҳои худро равона месозем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg