ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паём ва Барномаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Шабафрӯз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо сокинони деҳа вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ масъулон оид ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки ҲХДТ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии мардум мусоидат намуда, ҳамкориҳои доимиву густурдаро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст.