ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Дурдона бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ аз ҳавзаи интихоботии Данғара №36 ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ шарҳ дода шуданд.
Номзад Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ дар баромадаш баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, дастгирии ҷавонони лаёқатманд, ҳимояи ҳуқуқҳои занон ва бо кор таъмин намудани онҳо, рушди инфрасохтори маҳал, қонеъ гардонидани талаботи мардум, махсусан ҷавонон ва занон ва дигар самтҳои афзалятноки кишварро бо мардум бовар кунониданд.
Дар анҷом оид ба шаффофияти маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи дарпешистода ба сокинони деҳа маслиҳату дастурҳои судманд доданд.