ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи Дурдона бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ аз ҳавзаи интихоботии Данғара №36 ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур миёни сокинони деҳа вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 ва дигар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ба иштирокдорон шарҳ дода шуданд.
Дар идома оид ба ширкати фаъолонаи сокинон дар маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи дарпешистода маслиҳатҳои судманд дода шуд.