ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноӽияи Восеъ дар деӽаи Анористони Ҷамоати деӽоти ба номи А. Рӯдакӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ӽизб мулоқот доир карданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин қайд доштанд, ки яке аз мавзӯъҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардида ин аӽамияти иҷтимоӣ ва рисолати таърихию фарӽангии забони давлатӣ, нақши он ӽамчун рамзи хештаншиносӣ, ӽуввияти миллӣ мебошад.
Пешвои миллат дар баробари ёдовар шудан аз масъулияти бузурги афроди ҷомеа, махсуан аӽли зиё ҷиӽати арҷгузорӣ ва густариши забони давлатӣ таваҷҷуӽи иштирокдорон ва тамоми аӽли ҷомеаро ба масъалаи таӽкими мақому мартабаи он ҷалб намуда, аз ҷумла таъкид намуданд: «Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ӽамчун гавҳараки бебаӽои ӽастиамон ӽифз кунем».