ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноӽияи Восеъ дар деӽаи Меӽнатободи Ҷамоат деӽоти ба номи А.Рӯдакӣ дар муассисаи таӽсилоти миёнаи умумии №7 бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон мулоқот доир намуданд.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ назди ӽозирин баромад намуда, оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассиаҳои таълимии деӽот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф суханронӣ намуданд.
Қайд доштанд, ки дар ин самт саҳми омӯзгорону кормандони соҳаи маориф хеле бузур аст. Ҷомеаро дар ҳама давру замон бе иштирок ва мавқеи намояндагони илму маърифат, олимон, аҳли адаб, омӯзгорону устодон ва кормандони соҳаи маориф тасаввур намудан ғайриимкон аст.