БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ ОБОД МЕКУНЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва шарҳи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар суҳбат масъулини Кумитаи иҷроия дар бораи нуктаҳои асосии Паёми имсола фикру андешаҳои хешро баён дошта, иброз намуданд, ки мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибватанӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, бо дарназардошти вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон зиракию ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, онро сидқан дӯст дорем, ба он содиқ бошем ва дар арсаи байналмилалӣ барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон бештар кӯшиш кунем.

Зикр доштанд, ки мо шаӽрвандонро зарур аст, ки ҷиӽати вусат бахшидан ба корӽои ободонию созандагӣ камари ӽиммат баста, диёри худро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон ободу зебо намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg