БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ СОЛИМИИ ҶОМЕАРО АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОК МЕДОНАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №3»-и Ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин қайд доштанд, ки бо мақсади пешгирии бемории ВНМО ба хотири бечунучаро риоя кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният”, расонидани ёрии тахассусии тиббӣ ба одамони гирифтори ВНМО/БПНМ ва осон гардонидани оқибатҳои он Ҳукумати кишвар ҳамаи талошҳоро ба харҷ медиҳад. Дар ин росто барои ҷавонон лозим аст, ки нисбати ояндаи неки хеш бетараф набошанд ва аз ҳамаи усулҳои пешгирии чунин бемориҳо хирадмандона истифода кунанд.

Дар охир кормандони ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3” иброз намуданд, ки ҳама дар якҷоягӣ барои беҳдошти солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ саъюу талош менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg