БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муқовимат бо коррупсия вазифаи мо аҳли ҷомеа мебошад

БОХТАР.  Тибқи нақшаи Баргузори вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Давлати поянда» бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ аз ҷумла, Коррупсия зуҳуроти хафнок дар чомеъа мавриди бараси қарор гирифт.

Намояндаи КИ ҲХДТ зимни суханрони қайд намуд, ки Коррупсия аз давраҳои қадим маълум аст, ва ин зуҳурот бештар ба санъати идоракунии давлатӣ вобаста буда, дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ институти алоҳидаи омӯзиш доир ба ҷиноятҳои марбут ба идоракунии ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизмати давлатӣ маҳсуб меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланд доштани мубориза бо коррупсия, дар миқёси давлатҳои Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда,  соли 1999 Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул карда буд. Баъдан вобаста ба вуҷуд омадани зарурият ва мутобиқ сохтани қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия бо талаботи СММ дар бораи мубориза бо коррупсия, дар санаи 25-уми июни соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки ин қонун айни ҳол амал карда истодааст. Мақсади қонуни мазкур аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъиятӣ, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан ва барҳам додани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсро муқарар карда, навҳои ҷиноятҳои бо коррупсия алоқаманд ва чораҳои ҷавобгариро барои онҳо муаян мекунад.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg