ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Намояндагони ҳизбӣ қайд карданд, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки низоми бонкӣ бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат намояд ва сарчашмаи асоси дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад. Оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ қайд гардид, ки ҲХДТ масъалаи рушди омили инсонӣ, таъмини минбаъдаи принсипҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро дар таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ менамояд.