ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Сомониён»-и Ҷамоати деҳоти Зафар бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқат масъулин зикр карданд, ки мавриди зикр аст, ки интихобот ифодакунандаи нақшу мавқеи ҳар шахс, ҳизбу иттиҳодияи шаҳрвандӣ маҳсуб шуда, рӯҳияву афкори интихобкунандагон ва тамоюли рушду такоммули сиёсии ҷомеаро муайян мекунад. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, дар замони муосир халқ ба воситаи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ марому ҳадафҳои худро амалӣ менамояд ва бо ин роҳ дар ҷараёни идоракунии давлат саҳм мегузорад. Ба таври хулоса гуфтан мумкин аст, ки интихобот на танҳо як раванди маъмулии сиёсӣ, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули ҳокимияти сиёсӣ пазирифта шуда, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тавонистааст ин рисолати худро ба пуррагӣ иҷро намояд. Инчунин, дар идомаи суҳбат сифатҳои мусбати номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шарҳ дода шуд.