ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар робита ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Мачитон»-и деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Зафар мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъулин қайд намуданд, ки интихобот яке аз ҷузъҳои асосии системаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Мавҷуд будани интихоботи озод, баробар, пинҳонӣ ва бевосита метавонад иштироки фаъолонаи мардумро дар раванди қабули қарорҳои муҳим таъмин намояд. Шаҳрвандон дар интихобот иштирок намуда, бо ин роҳ ояндаи худро интихоб мекунанд. Аслан, ҳангоми интихобот ба одамон набояд чизе ва ё касе бо ягон воситае таъсир расонад. Яъне, ҳар як шахсро мебояд, ки интихоби дурусту оқилона намояд, ки ин барои кулли ҷомеа метавонад таъсири мусбат расонад.