БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИРОДАИ СИЁСИИ ХАЛҚ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади муаррифӣ намудани номзадҳои пешбаринамудаи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Баҳористон” -и Ҷамоати деҳоти Ватан вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар ҷамъомад масъулин атрофи интихоботи навбатии дар пешистода ибрози ақида карда, қайд намуданд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати миллӣ бо таҷрибаи баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони худ дар давоми бисту ҳашт соли Истиқлолияти давлатӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар ин  муддат интихобот барои мардуми Тоҷикистон имконеро ба вуҷуд овардааст, ки тавонад дар ташаккул ва амалигардонии ҳокимияти худ аз он истифода намоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад, зарурат, ташкил ва баргузории интихоботро қабл аз ҳама, таъмини субот ва ҳамгироӣ, умумигардонии манфиатҳо, ташкил ва назорати ҳокимият, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандон ва ғайраҳо ташкил медиҳад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg