ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кармандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «1- май»-и Ҷамоати деҳоти 20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон вобаста ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот оид ба масъалаи ташаккул додани мафкураи зидди коррупсионӣ сухан ронда, қайд намуданд, ки имрӯз амалҳои коррупсионӣ (фассодкорӣ) рӯйдоди нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа, вазифаи нафақат моқомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бо дарки ин маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин падидаи номатлуб равона созанд.