НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонӣ” ҷиҳати таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ, собиқадорони ҳизб дар ин мулоқот иштирок дошта, иброз доштанд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ироа мегардад, ки дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти мамлакат дарҷ мегардад. Зимни Паём Сарвари давлат ҳамеша барои ободии Ватан дастурҳо дода, дар ин самт вазифаи ҳар як шаҳрвандро муайяну мушаххас менамоянд. Сипас, намояндагони ҳизбӣ ба сухан баромада, зикр карданд, ки ҲХДТ ба масъалаи ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи тавоно ва пешбаранда таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҳамоҳанг намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ барои ҳалли мушкилоти ҷомеа кӯшиш мекунад.