БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲАИ МАОРИФ ОМИЛИ МУҲИМТАРИН НАҶОТИ БАШАРИЯТ АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Лангар-2»-и минтақаи манзилии №2 баргузор гардид.

Масъулин дар суҳбат   иброз доштанд, ки Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот  баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд. Ҳамзамон, оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ байни ҷавонон ва аъзои ташкилоти ибтидоии номбурда  корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуда,  ҷавонон барои интихобот ва барои пешрафти зиндагии шоистаи халқамон даъват гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg