НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Комиҷроия” вохӯрӣ ҷиҳати таблиғу ташвиқи нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок дошта, қайд намуд, ки дар Паёми имсола ҳар як сухане, ки иброз гардид як ҷаҳон маънӣ дошта, талошҳои пайваста ва садоқати Сарвари давлатро баҳри рушду тараққиёти Тоҷикистони азиз нишон медиҳад. Масъалагузориҳои Паём нисбати ҷавонону наврасон дастурамалӣ мукаммал мебошад, ки Пешвои миллат мо ҷавононро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари давлат интихоб гардиданашон пайваста таъкид менамоянд, ки бояд ҷавонон дорои дониш, малака ва маҳорат бошанд. Ҳамеша ин маҳорату малакаро барои ободии Ватан равона созанд.