БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Афзоиши ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар ростои Соли тақвияти робита бо маҳал

ПАНҶ. Дар маҳалаи Пашори чамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ бо истиқоматкунандагон маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Носиров Ёғибек, ва мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Шомаҳмадзода Музафар вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз: пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, гаравидани ҷапвонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ, вазъи сиёсии ҷаҳон, мубориза алайҳи амалҳои номатлуби коррупсионӣ ва тарбияи дурусти ҷавонону наврасон  андешаронӣ карданд.

Иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавию созандаи ҳизб дар рушду тарақиёти Ватани азизамон ҳидоят намуданд.

Дар ин росто дар маҳаллаи Пашор ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Пашор» бо пешниҳоди сокинон таъсис дода шуда, шахси фаъолу масъулиятшинос раиси маҳалла Ғозиев Саидикром раиси ташкилоти навтаъсис интихоб гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg