БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - ҲУҚУҚҲОИ СИЁСИИ ШАҲРВАНДОНРО АМАЛӢ МЕСОЗАД!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   дар  ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи  марказӣ”   вобаста  ба  таблиғу  ташвиқи  Барномаи  ҲХДТ  ва  номзади  он  ба  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ  дар  ҳудуди  участкаҳои  интихоботӣ  мулоқоти судманд баргузор гардид.

Намояндагони ҳизбӣ зимни суханронӣ  оид  ба  баррасии  муҳтавои  Паёми  навбатии   Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ  сухан гуфта, иброз дошт, ки ҲХДТ дар самти такмили қонунгузорӣ давра ба давра барномаҳои мукаммалу созанда пешниҳод намуд, ки дар натиҷа дар кишвар волоияти қонун таъмин гардида, фаъолияти қонунэҷодкунӣ шакл гирифт. Ниҳоят мо на танҳо яке аз беҳтарин низоми қонунгузорӣ дар ҷаҳонро дар кишвар роҳандозӣ кардем, балки ҳамчун ҳизби халқ воқеияти ҳаёти ҷомеаро омӯхта, 3 қонуни миллиро ба тасвиб расонидем, ки имрӯз мавриди омӯзиш ва таҷрибабардории дигар кишварҳо гардидаанд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg