БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАР РУШДУ ПЕШРАФТИ КИШВАР САҲМИ МУНОСИБ ДОРАД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №1» ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва  тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихобии ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ масъулин иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат аз лиҳози моҳият ва мазмуни баланд фарогири масоили сиёсӣ, иктисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати хориҷии кишвар буда, онро барҳақ роҳнамову  илҳомбахши халқи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқолияти давлатӣ номидан мумкин аст. Пешвои миллат диққати мардуми Тоҷикистонро ба барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҷалб намуда, иброз доштанд, ки дар соли 2019 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоиз афзуда, ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ 13,4 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз боло рафт. Ин нишондоди хуби иқтисодӣ буда, аз он огаҳӣ медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон сол то сол рушд намуда, он ба қатори давлатҳои рушднамудаи иқтисодии ҷаҳон ворид гашаааст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg