Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихобии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Сомониён»-и Ҷамоати деҳоти Калинин ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулин аз мазмун ва муҳтавои Паёми имсола ҳарф зада, қайд карданд, ки Паёми навбатӣ чун Паёмҳои қаблӣ барои мо кормандони ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони он дастуру раҳнамои фаъолият аст. Ҳамзамон, дар мулоқот доир самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда шуда, ҳадафҳои ҲХДТ, ки ба таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст, шарҳ дода шуд.