МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Муъминобод бо сикинону фаъолон ва собиқадорон ҳизбу меҳнат ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ дар бораи муҳтавои Паёми навбатӣ ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, зикр карданд, ки танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд.Чунин корҳо, ки гувоҳи фаъолнокии баланди мардуми кишвар ба хотири ояндаи неки Ватани маҳбубамон ба ҳисоб мераванд, ҳоло бомаром идома доранд.