КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва гурӯҳҳои тарғиботӣ ҳамарӯза вохӯриҳои худро бо интихобкунандагон гузаронида истодаанд.
Дар Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа бо сокинони деҳаҳои Сабзавот ва Орзу вохӯрии навбатӣ доир шуд, ки масъулин дар он иштирок ва суханронӣ карда, иброз доштанд, ки мо сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз сатҳи чигунагии сурат гирифтани он вобастагии калон дорад, яъне интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем. Аз ин рӯ дар ин маъракаи муҳим иштироки ҳар як сокини кишвар зарур аст.