КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Уртабуз”-и ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Истиқлол” бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъулин атрофи мазмун ва муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он тарғибу ташвиқ гашта, иштироки фаъолонаи аъзои ташкилотҳои ибтидоӣ ва мусоидат ҷиҳати ба таври шаффофу демократӣ баргузор гардидани маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, дар назди ташкилотҳои ибтидоӣ таъкид карда шуд.
Паёми Сарвари давлат аз ҷониби аъзои ташкилотҳои ибтидоии мазкур ва сокинон ҳамчун як раҳнамо хуб пазируфта шуд.