БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ҲХДТ АЗ ҲАДАФҲОИ АСОСИИ БАРНОМАВИИ ҲИЗБ САРЧАШМА МЕГИРАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар Ҷамоати деҳоти Ориён бо сокинони  ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” (Қаҳрамон ) вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ба ҳозирин мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мавзӯҳои рушди иқтисодиёт, энергетика, маориф, тандурустӣ, ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ ва омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии дарпешистода суханронӣ карда шуд.

Инчунин, қайд гардид, ки интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, иштирок дар ин маъракаи муҳим нақши сокинон дар таҳкими демократикунонии мамлакат маҳсуб меёбад. Таъкид гардид, ки ҳар сокини хештаншиносро зарур аст, дар баргузор намудани чорабиниҳои маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ фаъол бошанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки Паём ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи халқ раҳнамо ва дастури муҳим буда, татбиқи босамари он омили пешрафти мамлакат хоҳад буд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg