БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Ҳакимобод" вобаста ба маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи парлумонӣ ва суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъулин ибрози андеша намуда, гуфтанд, ки ифтихори баланди ҳар як шаҳрванди кишвар аст, имрӯз озодона номзадҳои арзанда ва мақбули худро интихоб намуда,  барои ояндаи босаодати хеш заминаҳои мусоид фароҳам меорем. Ҳамзамон, вазифаи асосии мо кормандони соҳаи тандурусти ин аст, ки  бо дасту дили пок ва содиқона ба мардум хизмат намоем. Дар охири мулоқот аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода, ки рӯзҳои ба шумор мондааст, фаъолона ширкат варзида, раъйи худро ба номзадҳои арзанда, махсусан шахсони соҳибмаълумоту соҳибкасб, ки барои панҷ соли оянда пешбарӣ карда мешаванд, овоз диҳанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg