БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ-РОҲ БА СӮИ ОЯНДАИ ОБОДУ ОСУДА

КӮЛОБ. Дар доиари Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба  тарғиби моҳияти интихоботи парлумонӣ  дар ташкилоти ибтидоии "Корези поён" вохӯрӣ доир намуданд.

Нахуст, масъулин  иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр рӯҳбаландкунанда буда, дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар риштаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои ҳукумат ва ҷомеаи соҳибистиқлоли кишварро дар вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва минтақа мушаххас менамояд. Аз ин рӯ мебояд  дар интихоботи парлумонӣ иштироки фаъолона намуда,  ба номзадҳои арзанда раъйи худро   диҳанд.

Дар охир намояндагони ҳизбӣ аз гӯшаи ҳизбии ташкилоти ибтидоӣ дидан намуданд, даъват ба амал оварданд, ки дар интихоботи парлумонӣ иштироки фаъолона карда,  ба номзадҳои арзанда раъйи худро диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg