КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ташкилоти ибтидоии "Корези боло" ҷамъомад бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо иштироки васеи омӯзгорон ва сокинон доир гардид.
Дар ҷамъомад масъулин аз Паёми Президенти кишвар, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Паём ба сифати як ҳуҷҷати муҳиме, ки дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад, боиси дастгирӣ ва омӯзиши пайвастаи ҷомеаи кишвар қарор гирифтааст. Ҳар як бандҳои Паём дорои муҳтавои амиқи сиёсиву тарбиявӣ буда, ҳамзамон ба соҳаҳои муҳими мамлакат, монанди илм, маориф, иқтисодиёту тандурустӣ низ равона карда шудааст. Дар охир аз интихобкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди интихоботи дарпешистода саҳмгузор бошанд.