ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда буданд, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодаанд.
Вобаста ба масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии “Ҷангал” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои миллат”, таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва масъалаҳои ташвишовари терроризму экстремизм, масъалаҳои пешазинтихоботии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули ҳизбӣ суханронӣ намуданд.