ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саҳбо”-и ҷамоати деҳоти 20 солагии Истиқлолияти ноҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии №28 бо интихобкунандагони ҷавон вохӯрӣ вобаста ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур намояндагони ҳизбӣ дар бораи Анҷумани 13-уми ҲХДТ, ки санаи 13 декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2020-2025-ро дар бар мегирад, тасдиқ карда шуд. Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шумораи умумии номзадҳо, ки ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи рӯйхат пешниҳод менамоянд, бояд аз 28 нафар зиёд набошад. Иштирокчиёни Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ намуданд, ки аз ин 14 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Аксарияти номзадҳо мутахассисони варзидаи соҳаҳои гунонгун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои диду нигоҳи нав ба ҳаёти ҷомеа мебошанд.
Дар охири вохӯрӣ даъват карда шуд, ки дар маъракаҳои сиёсӣ ҳар як фарди ҷомеа фаъолона иштирок намуда, бо иштироки худ барои ояндаи кишвари маҳбубамон саҳмгузор бошанд.