БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АМАЛИСОЗАНДАИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Ниҳолпарвар”-и ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолият бо сокинон вохӯрӣ дар доираи баррасии нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъракаҳои сиёсии дарпешбуда доир намуданд.

Дар мулоқот масъулин баромад намуда, қайд карданд, ки татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём омада вазифаи ҳар аъзои ҳизб мебошад ва моро зарур аст баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

Инчунин, гуфта шуд, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд.

              

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg