БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ ИДОМА ДОРАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён дар  участкаи интихоботии №23 вохӯрӣ бо интихобкунандагон  баргузор гардид.  

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ оид ба Паёми навбатӣ андешаронӣ карда,  қайд намуданд, ки Паём фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор дода шудааст ва бо пешниҳоди Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст, баҳри татбиқи  дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад.

Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём бармеояд,  аъзои ташкилоти ибтидоии  “Мир-19” дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гирду атрофи корхона, кӯчаву ҷӯйборҳоро аз партовҳо тоза намуда, як миқдор гулҳои ороишӣ ва  дарахтони мевадиҳанда шинониданд. 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg