ЁВОН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Роҳи сафед”-и деҳаи Қашқараҳаи Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ мардумро даъват ба он намуданд, ки дар интихобот сарҷамъона иштирок намуда, ҳар як шаҳрванд номзади арзандаи хешро интихоб ва дар ҳаёти сиёсии кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.