ЁВОН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. То интихобот агар муҳлати зиёд бошад, ҳам интихобкунандагон барои иштирок дар интихобот ва муайян намудани вакили арзандаи хеш талош варзида истодаанд. Дар ҳар як деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Ёвон мутобиқи ҷойгиршавии аҳолӣ участкаҳои интихоботӣ созмон дода шудааст, ки интихобкунандагон бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли зимистон гирду атрофи участкаҳоро сар карда аз хонаи худ ободу зебо намуда истодаанд.
Дар вохӯрие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Обшорон баргузор гардид, намояндагони ҳизбӣ мардумро даъват бар он намуданд, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар бетараф набошанд, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ даст дошта бошанд ва то тавонанд ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол намоянд.