ДӮСТӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба истиқболи сазовори ҷашни пурифтихори давлату миллат, 30-солагии Истиқлолиятидавлатӣ бо дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи "Озодӣ"- и ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ дар доираи Аксияҳои ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад!” корҳои ободониву созандагӣ баргузор карда шуд. Дар корҳои ободонӣ сокинон бо шукргузорӣ аз фазои мусоиди обу ҳаво ва сулҳу суботи кишвар ба ҳашари умумӣ баромада, ба миқдори 1 километр ҷӯйбори обгузари деҳа, ки мардумро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад, бо техникаи зарурӣ кандаву аз партовҳо тоза намуданд.