ДАНҒАРА. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Данғара дар деҳаи Шибансой вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба ироаи Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд гардидани нишондиҳандаҳои ММД ва иқтидорҳои иқтисодӣ, рушди деҳот аз назардиди эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсоливу саноатӣ, тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори баланди миллӣ ва хештаншиносӣ андешаронӣ кард.